Иди Наврӯз муборак!

  • Сана 20/03/2022

 

Ҳамватанони азиз! Шуморо ба муносибати ҷашни миллӣ ва ҳам байналмилалии Наврӯз самимона табрик мегӯем.

 

Наврӯз бо об, замин, марзу бум ва рӯҳи тамаддунофари ниёгонамон иртиботи ногусастанӣ дошта, суннат ва ойинҳои он бо рамзҳои махсус бунёд ёфтаанд, ки аз оғоз то имрӯз зиндагии мардуми мутамаддин, созанда, инсондӯст ва таҳаммулпазири моро ҳамроҳӣ доранд.

 

Воқеан, Наврӯз ҷашни миллии маъмултарини тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаи Наврӯз буда, мардумро аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии инсонпарварӣ - дӯстӣ, ҳамкорӣ, созандагӣ, инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат муттаҳид месозад.

 

Бигзор, ин ҷашни баҳорӣ ба ҳар хонадон хушбахтиву файзу баракат, саломатии бардавом, амалишавии умедҳо, ваҳдат ва ризоият оварад!

 

Бо эҳтиром ва орзуҳои беҳтарин,

Ширкати  «Мабдаи Нур»

Маълумот

  • 735610, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 
    ш. Истаравшан, кӯч. Оли Сомон 1.
  • +992 93 784 0077

Фурӯши яклухти сӯзишворӣ аз истеҳсолкунандагони пешқадами нафтӣ ва шабакаи ҳозиразамони нуқтахои фурӯши сӯзишворӣ

Маълумот барои харидорон

Шумо метавонед дархости худро барои харидории сӯзишворӣ аз сомонаи мо равон кунед. Ба саҳифаи "Онлайн дархост" гузаред ва майдонҳои лозимаро пур намоед. Менеҷерҳои мо бо Шумо робита менамояд.

Дархостҳои шуморо интизорем!

Top