Фурӯши яклухти маҳсулоти сӯзишворӣ

Ширкати “Мабдаи Нур” фурӯши маҳсулоти сӯзишвории баландсифатро аз корхонаҳои пешқадами коркарди нафту газ амалӣ менамояд, ки ба талаботҳои стандартҳои ҳозиразамони экологӣ ва стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Бо мақсади ба даст овардани самаранокии максималии амалиёти тиҷоратӣ, ширкати “Мабдаи Нур” муомилаҳои дарозмуддатро бо ҳамкорон барпо менамояд ва фурӯши сӯзишвориро бо миқдори дилхоҳ бо нақлиёти худӣ аз базаи нафт ё ин, ки бо роҳи бурда расонидан ба нуқтаи таъиноти фармоишгар бо нақлиёти махсус дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Базаи нафтии ширкат дар ноҳияи Спитамени Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, ки бевосита дар назди стансияи роҳи оҳан мебошад. Катораҳо бо маҳсулот бевосита ба база дохил мешавад ва ин имконият медиҳад, ки хароҷотро барои вориднамоии маҳсулот кам намояд.

Парки калони нақлиёти махсусгардонидашуда

Ширкати “Мабдаи Нур” соҳиби парки калони нақлиётҳои ҳозиразамон ва махсусгардонидашуда бо ҳаҷмҳои гуногун мебошад, ки ин имконият медиҳад занҷири самараноки ҳамлу нақли маҳсулоти нафтиро бо фармоиши шарикон барпо намояд.

Дар ширкати “Мабдаи Нур” кор барои таъминоти маҳсулоти нефтӣ бо партияҳои хурд бо схемаи индивидуалии ҳамкорӣ бо ҳар як мизоҷ хуб ба роҳ монда шудааст.

Фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар ширкати “Мабдаи Нур” таҳти шиори “Покдилӣ ва сифат” мегузарад, ки он дар сиёсати нархии чандир ва муомилаи бодиққат бо ҳар як мизоҷ асос ёфтааст.

Маълумот

  • 735610, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 
    ш. Истаравшан, кӯч. Оли Сомон 1.
  • +992 93 784 0077

Фурӯши яклухти сӯзишворӣ аз истеҳсолкунандагони пешқадами нафтӣ ва шабакаи ҳозиразамони нуқтахои фурӯши сӯзишворӣ

Маълумот барои харидорон

Шумо метавонед дархости худро барои харидории сӯзишворӣ аз сомонаи мо равон кунед. Ба саҳифаи "Онлайн дархост" гузаред ва майдонҳои лозимаро пур намоед. Менеҷерҳои мо бо Шумо робита менамояд.

Дархостҳои шуморо интизорем!

Top