Стратегия ва мақсадҳо

Ширкати “Мабдаи Нур” намояндаи истеҳсолкунанда ва ҷорикунандаи стратегияе мебошад, ки вазифаи асосии он расонидани маҳсулоти босифат аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ мебошад.

Афзалияти ширкат дар таъминнамоӣ ва ташаккули талаботи соҳибони наклиётҳо дар Тоҷикистон бо навъҳои баландсифати бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ аз истеҳсолкунандагони пешқадам ва пешниҳоди шароитҳои неки ҳамкорӣ ба шарикон ва мизоҷони ширкат мебошанд.

Мо муносибати худро бо ҳамкорон дар асоси этика, ҳамдигарфаҳмӣ ва боварӣ месозем.

Мақсади ширкати “Мабдаи Нур”:

- идоранамоии босамари фаъолияти ширкат бо истифодабарии таҷрибаи пешқадам, системаҳои сифат, технологияҳои ҳозиразамон ва системаҳои бехатарӣ;

- пешсаф будан дар соҳаи фурӯши маводҳои сӯзишворӣ ва гази моеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаракат намудан аз рақибон пеш гузаштан барои таъмини дараҷаи баланди стандартҳои кор бо шарикони тиҷоратӣ ва мизоҷон;

- таъмини устувории молиявӣ дар шароитҳои баланду пастшавии нарх ба нафт ва қурбҳои асъор, бо роҳи риоякунии интизоми молиявӣ, муносибати консервативӣ, банақшагирӣ ва идораи босамари хавфҳо.

Маълумот

  • 735610, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 
    ш. Истаравшан, кӯч. Оли Сомон 1.
  • +992 93 784 0077

Фурӯши яклухти сӯзишворӣ аз истеҳсолкунандагони пешқадами нафтӣ ва шабакаи ҳозиразамони нуқтахои фурӯши сӯзишворӣ

Маълумот барои харидорон

Шумо метавонед дархости худро барои харидории сӯзишворӣ аз сомонаи мо равон кунед. Ба саҳифаи "Онлайн дархост" гузаред ва майдонҳои лозимаро пур намоед. Менеҷерҳои мо бо Шумо робита менамояд.

Дархостҳои шуморо интизорем!

Top