Масъулияти иҷтимоии ширкати "Мабдаи Нур"

Ҳифзи меҳнат ва ҳавасмандгардонӣ

Вазифаи афзалиятноки Ширкати “Мабдаи Нур” таъмини шароитҳои бехатарии меҳнат ва нигаҳдории саломатии кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ мебошад. Ширкати мо масъулона тамоми комплекси чорабиниҳоро истифода мебарад, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст, аз он ҷумла чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, санитарӣ-гигиенӣ, табобатӣ-профилактикӣ, офиятӣ ва дигар чорабиниҳо.

Дар соҳаи муомилаи меҳнатӣ дар бастаи иҷтимоӣ ба кормандон, Ширкат пешниҳод менамояд:

  • таъмини ройгон бо либоси босифати махсуси корӣ ва дигар воситаҳои муҳофизати шахсӣ;
  • таъмини ройгон бо шир мувофиқи меъёрҳои ҷорӣ ва ду маҳал хӯроки гарм;
  • таъмини ҷойҳои корӣ бо оби софи нӯшиданӣ;
  • таъмини ташхисҳои ҳатмии тиббӣ аз ҳисоби кордиҳанда (ҳангоми ба кор дохилшавӣ);
  • ташкили гузаронидани дастурҳо ва азнавомодасозии касбӣ:

Идораи босамари кормандон барои ба даст овардани боздеҳи максималӣ аз сармоягузорӣ ба ҳайати кормандон:

  • ҳавасмандгардонии ҳар як корманд барои ноилшавӣ ба мақсадҳои ширкат;
  • баҳогузории объективии нақши корманд барои ноилшавӣ ба натиҷаҳо;
  • мукофотонии индивидуалӣ ва одилонаи кормандон ва ҳавасмандагрдонии кормандон, барои фаъолияти софдилона ва бомаҳсул;
  • ташкили системаи босамари мукофотдиҳии умумӣ.

Маълумот

  • 735610, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 
    ш. Истаравшан, кӯч. Оли Сомон 1.
  • +992 93 784 0077

Фурӯши яклухти сӯзишворӣ аз истеҳсолкунандагони пешқадами нафтӣ ва шабакаи ҳозиразамони нуқтахои фурӯши сӯзишворӣ

Маълумот барои харидорон

Шумо метавонед дархости худро барои харидории сӯзишворӣ аз сомонаи мо равон кунед. Ба саҳифаи "Онлайн дархост" гузаред ва майдонҳои лозимаро пур намоед. Менеҷерҳои мо бо Шумо робита менамояд.

Дархостҳои шуморо интизорем!

Top