ҶДММ "Мабдаи НУР"
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мабдаи Нур” – ин дастаи мутахассисоне, ки дар бозори маҳсулоти нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 фаъолият мебаранд.
Имрӯз ширкати “Мабдаи Нур” яке аз калонтарин таъминкунандаи маҳсулоти нафтӣ дар мамлакат аст.
Фаъолияти асосии ширкат фурӯши яклухти сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва шабакаи комплексҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таҳти бренди “НурОйл” барои фурӯши чакана мебошад.
Сӯзишвории ширкати “Мабдаи Нур” имрӯз ҳам дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории худи ширкат ва ҳам дар НФС-ҳои шарикони ширкат дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешавад.
Ширкат таҳти шиори “Покдилӣ ва сифат” фаъолият бурда, ба мизоҷони худ танҳо сӯзишвории баландсифатро аз истеҳсолкунандагони пешқадам ва дараҷаи баланди хизматрасониро пешниҳод менамояд.
Вазифаи афзалиятноки ширкат таъминнамоӣ ва ташаккули талаботи соҳибони автомобилҳои Тоҷикистон дар бензини навъҳои баландсифат, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ аз истеҳсолкунандагони пешқадам мебошад.
Коллективи ширкати “Мабдаи Нур” кӯшиш ва қобилияти худро муттаҳид менамояд, ки пешрафти самараноки ширкат ва нигоҳдории мавқеи пешбарро дар бозор таъмин намояд, шароитҳои мусоидро барои ҳамкорӣ ба мизоҷони ширкат пешниҳод намуда, технологияҳои ҳозиразамонро дар фаъолияти худ самаранок истифода барад.