Ҳамватанони азиз! Шуморо ба муносибати ҷашни миллӣ ва ҳам байналмилалии Наврӯз самимона табрик мегӯем.
Наврӯз бо об, замин, марзу бум ва рӯҳи тамаддунофари ниёгонамон иртиботи ногусастанӣ дошта, суннат ва ойинҳои он бо рамзҳои махсус бунёд ёфтаанд, ки аз оғоз то имрӯз зиндагии мардуми мутамаддин, созанда, инсондӯст ва таҳаммулпазири моро ҳамроҳӣ доранд.
Воқеан, Наврӯз ҷашни миллии маъмултарини тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаи Наврӯз буда, мардумро аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии инсонпарварӣ - дӯстӣ, ҳамкорӣ, созандагӣ, инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат муттаҳид месозад.
Бигзор, ин ҷашни баҳорӣ ба ҳар хонадон хушбахтиву файзу баракат, саломатии бардавом, амалишавии умедҳо, ваҳдат ва ризоият оварад!
Бо эҳтиром ва орзуҳои беҳтарин,
Ширкати «Мабдаи Нур»